Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумҳурихоҳон хостори мавқуф гузоштани баррасии созиш шуданд


Бархе аз аъзои Сенати ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳон барои то соли оянда мавқуф гузоштани баррасии тарҳи созиш бо Русия оид ба коҳиши силоҳи стратегӣ пойфишорӣ доранд. Баррасии ин санад дар Сенати Амрико дирӯз шурӯъ шуд. Яке аз сенаторҳои маъруф Ҷон Кайл зарурати тасвиби ин созишро зери суол бурд ва гуфт, ки идеяи раисиҷумҳур Барак Обама дар бораи дунёи бидуни силоҳи ҳастаӣ дастнорас аст. Ҷумҳурихоҳон ба он нукта ҳам ишора мекунанд, ки Сенат барои баррасии комили созиш оид ба коҳиши силоҳи стратегӣ вақти кофӣ надорад.
Дар арафаи шурӯъи баррасӣ Кохи Сафед изҳори итминон карда буд, ки ин санад то шурӯъи таътили солинавӣ аз сӯи Сенат тасвиб мешавад. Ба пояи созиши миёни Амрикову Русия, ки аз сӯи Барак Обама ва Дмитрий Медведев имзо шудааст, сеяки силоҳи стратегии ин ду кишвар аз байн бурда мешавад. Созиш дар ҳоле тасвиб хоҳад шуд, ки агар аз 100 вакили Сенат 67 нафар аз он ҷонибдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG