Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбулаҷали ИМА, Фаронса ва Иттиҳодияи Африқо ба Гбагбо


ИМА, Фаронса ва Иттиҳодияи Африқо дар як зарбулаҷал аз раисиҷумҳури кишвари Соҳили Оҷ Лоран Гбагбо талаб карданд, ки қудратро ба номзади мухолифи ҳукумат Алассан Уаттар интиқол диҳад. Ҷомеъаи ҷаҳон пирӯзии Уаттар дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурӣ дар Соҳили Оҷро эътироф кардааст ва аммо Гбагбо аз вогузоштани идораи давлат ба Уаттар сарпечӣ мекунад.
Ахиран созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International аз он изҳори нигаронӣ кард, ки муқовимати нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифин Соҳили Оҷро дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор додааст. Рӯзи панҷшанбе дар задухӯрдҳо дар шаҳри Обидҷон, бузургтарин шаҳри Соҳили Оҷ, дастикам 20 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG