Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WikiLeaks қонунҳои Австралияро вайрон накардааст


Сомонаи интернетии WikiLeaks ва муассиси он Ҷулиан Ассанҷ бо ифшои асноди сиррии дипломатии Амрико ягон қонуни Австралияро поймол накардаанд. Дар ин бора сарвазири Австралия Ҷулия Гиллард бо такя ба иттилоъи полиси кишвар хабар дод. Ҳамзамон хонум Гиллард гуфт, "ман медонам, ки Викиликс ҷонибдорони зиёд дорад. Дақиқан мегӯям, ки ман миёни ин афрод нестам. Ба андешаи ман, коре, ки Викиликс анҷом медиҳад, комилан бемасъулиятона аст".
Ҷуллиан Ассанҷ, шаҳрванди Австралия, ҳафтаи гузашта, бо дархсоти Шветсия дар Лондон боздошт шуд. Стокҳолм муассиси WikiLeaks-ро дар таҷовуз ба номуси ду зан гумонбар мехонад. Ассанҷ иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки ӯ барои нашри асноди сиррии дипломатии Амрико ҳадафи таъқибу фишор қарор гирифтааст. Моҳи гузашта Викиликс баш аз 250 ҳазор асноди махфии вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаро ифшо сохт.
Рӯзи панҷшанбе Ҷулиан Ассанҷ баъд аз пардохти 240 ҳазор фунт аз маҳбас раҳо шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ӯ то рӯзи 11 январ, яъне то идомаи баррасии парвандааш дар додгоҳ, дар озодӣ боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG