Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вэн Сзябао аз Деҳлӣ ба Исломобод меравад


Вэн Сзябао, сарвазири Чин, имрӯз вориди Покистон хоҳад шуд. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин сафар Чину Покистон ба маблағи 14 миллиард доллар қарордодҳо имзо кунанд. Вэн Сзябао мехоҳад мақомоти Покистонро мутмаин созад, ки Пекин, бо вуҷуди таҳкими равобиташ бо Ҳиндустон, ба ҳамкории наздики иқтисодиву низомӣ бо Исломобод авлавият медиҳад.
Сарвазири Чин аз Деҳлӣ ба Исломобод меравад. Дирӯз дар Деҳлӣ мақомоти Чину Ҳинд ба маблағи беш аз 15 миллиард доллар қарордодҳо имзо карданд. Ду кишвар тасмим гирифтанд, ки то соли 2015 ҳаҷми тиҷоратро то 100 миллиард доллар дар як сол афзоиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG