Пайвандҳои дастрасӣ

Се толибилми яке аз мактабҳои Қӯрғонтеппа дар манзили истиқоматии худ кушта шудаанд. Сухангӯи раёсати умури дохилаи Хатлон бо тасдиқи ин хабар гуфт, замони қатл ҳанӯз рӯшан нест, аммо ҷасадҳо cоати 6-и шоми дирӯз кашф шудаанд.

Офоқ Қодириён, сухангӯи раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон гуфт, ноболиғон узви хонаводаи Бекназаровҳо – Шоҳҷаҳони 9-сола, Лобари 13-сола ва Наргиси 15-сола будаанд.

Масъулони милисаи маҳаллӣ мегӯянд, кӯдакон дар пайи захмҳои сангини корд ба ҳалокат расидаанд.

Гумонбар дастгир шудааст

Хонум Қодириён афзуд: «Дар пайи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони мақомоти умури дохила, сокини 19-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа Ф. С. бо гумони қатли ноболиғон боздошт шудааст. Ба ҳангоми амалиёти боздошти нафари муттаҳам, аз ӯ ду адад корд мусодира шуда, дар ангуштарии дасташ пайи хун мушоҳида шудааст».

Ҳамакнун мақомоти умури дохила чанд фарзияи содир шудани ин ҷиноятро ба баррасӣ гирифтаанд. Яке аз ин фарзияҳо, қатли ноболиғон ба қасди дуздии моликият будааст.

Аммо маълум нест, ки волидони ноболиғони кушташуда дар замони содир шудани ҷиноят куҷо будаанд ва кӯдакон дар хона танҳо будаанд ва ё хайр.

Куштори ахир ҳодисаи нахустини қатли наврасон нест

Дар соли ҷорӣ дар қаламрави водии Вахш барои нахустин бор нест, ки кӯдакон қасдан ба қатл расонида мешаванд. Дар авоили имсол, мақомоти умури дохила аз сӯйиқасд ба худкушии як зани сокини ноҳияи Бохтар хабар дода буданд. Ин зан андаруни манзили истиқоматии худ, се фарзанди ноболиғашро, ки бузургтаринашон 9-сола будааст, оташ задааст. Дар натиҷа худи зан ҷон ба саломат бурда, кӯдаконаш ба ҳалокат расиданд.

Додситонии минтақа алайҳи модари фарзандони кушташуда бо иттиҳоми қатли барқасдонаи кӯдакон парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Аммо ахиран додгоҳи вилояти Хатлон ин занро ноқисулақл дониста, ба муолиҷаи иҷборӣ дар бемористони равоншиносии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва маҳдуд кардани озодиҳояш маҳкум кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG