Пайвандҳои дастрасӣ

Дашному занозании вакилон дар толори порлумони Украина


Вакилони порлумони Украина аз ҷиноҳи ҳизби ҳокими "Минтақаҳо" бо вакилони мухолиф дар толори порлумон муштзанӣ карданд. Даргирӣ замоне сар шуд, ки вакилони мухолиф аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ зидди раҳбарашон, сарвазири пешин Юлия Тимошенко эътироз карданд. Хабаргузории Интерфакс мегӯяд, вакилон аз ҳизби "Минтақаҳо" ба минбар баромаданд ва намояндагони эътилофи Тимошенкоро, ки дар садр нишаста буданд, зери мушту лагад гирифтанд. Ҳамзамон бо ин даргирӣ дашномҳои қабеҳ дар толори порлумон садо дод.
XS
SM
MD
LG