Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотеияти сарони Иттиҳоди Аврупо дар дифоъ аз евро


Президенти Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, сарони кишварҳои узви ин эътилоф омодаанд, барои ҳифзи пули евро дар рӯзҳои сангини он аз ҳамаи чораҳо истифода кунанд. Ҳерман ван Ромпуй дар ҳоле ин изҳоротро пахш кард, ки сарони Иттиҳоди Аврупо, ба созишномаи бунёдии ин эътилоф, ки бо номи Қарордоди Лиссабон машҳур аст, бархе аз тағйиру иловаҳоро ворид карданд. Дипломатҳо мегӯянд, ҳарчанд ин тағйиру иловаҳо бузург нестанд, ба таъсиси минтақаи ягонаи ҳалли мушкилоти қарз марбут мебошанд. Сарони кишварҳо ҳамчунин масъалаи афзоиши хазинаи умумии расидагӣ ба мушкилоти молиявӣ ва иқтисодии Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG