Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиндустон ва Чин тиҷоратро ду баробар афзоиш медиҳанд


Ҳиндустон ва Чин гуфтаанд, тиҷорати байниҳамиро то соли 2015 ду баробар зиёд карда, ба 100 миллиард доллар мерасонанд. Ин изҳорот пас аз мулоқоти сарвазири Чин Вен Ҷябао ва ҳамтои ҳинди ӯ, Манмоҳан Сингҳ дар Деҳлӣ садо дод. Тарафҳо дар ҷараёни сафари серӯзаи Ҷябао ба Ҳиндустон шаш созишномаи тиҷоратӣ ба имзо расонданд. Сарвазири Чинро дар ин сафар 400 соҳибкори чиноӣ ҳамроҳӣ мекард. Ҳиндустон ва Чин бузургтарин ҳамкорони ҳамдигаранд. Ҷябао, имрӯз сафари дурӯзааш ба Исломобод, пойтахти Покистонро шурӯъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG