Пайвандҳои дастрасӣ

Ирландия ба қарзи СБП дастрасӣ пайдо кард


Сандуқи байнулмилалии пул тарҳи қарзи боимтиёзи Ирландияро барои мубориза бо бӯҳрони иқтисодӣ ва бонкӣ дар ҳаҷми 22 миллиарду 500 миллион евро ба тасвиб расонд. Бахши умдаи ин сармоя бо созиши байни Сандуқи байнулмилалии пул ва Иттиҳоди Аврупо барои раҳоии Ирландия аз қарзҳои бузург, ки мӯҳлати пардохташон расидааст, дода шуд. Дар иваз Ирландия бояд сиёсатҳои молиявии худро тағйир диҳад ва аз сарфаҷӯии комил истифода кунад. Ин маблағ барои се соли оянда пешбинӣ шуда, ҳоло Ирландия ба 5 миллиарду 800 миллион евро дастрасӣ пайдо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG