Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи робитаи Маскав бо Истгоҳи байнулмилалии кайҳонӣ


Маркази идораи парвозҳои кайҳонии Русия иттилоъ дод, ки робитаи он бо сафинаи "Союз" ва Истгоҳи байнулмилалии кайҳонӣ ба муддати се соат қатъ шудааст. Бино бар хабарҳо камбуде дар хатти нахҳои оптикӣ дар наздикии марказ сабаби ин ҳолат гаштааст. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи навбатдори марказ ин мушкили фаннӣ комилан бартараф ва робита бо кайҳон барқарор шудааст.
XS
SM
MD
LG