Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрдҳои шадид дар кишвари Соҳили Оҷ


Дар яке аз бузургтарин шаҳрҳои кишвари Соҳили Оҷ – Обидҷон миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷонибдорони мухолифин задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Ба навиштаи бархе хабаргузориҳо, дасти се тан аз ширкатдорони ҳамоиши мухолифин, ки мехостанд вориди бинои телевизиони давлатӣ шаванд, ҳадафи тир қарор гирифтанд. Дар канори меҳмонсарое, ки ситоди номзад ба мақоми раисиҷумҳур аз мухолифин Алассон Уаттар ҷойгир аст, низ задухӯрд рӯх дод. Уаттар худро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пирӯз эълон кард ва аз пуштибонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ бархурдор шуд. Ва аммо раисиҷумҳури феълӣ Лоран Гбагбо аз интиқоли ҳукумат ба Уаттар сарпечӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG