Пайвандҳои дастрасӣ

Хуруҷи нерӯҳои Олмон аз Афғонистон соли оянда шурӯъ мешавад


Олмон соли оянда хуруҷи нерӯҳои худро аз Афғонистон шурӯъ мекунад. Гидо Вестервелле, вазири умури хориҷии Олмон, зимни суханронӣ дар парлумон гуфт, ки раванди хуруҷи нерӯҳо соли 2014 анҷом меёбад. Ӯ изҳор намуд, "мо дар нимаи аввали соли 2011 интиқоли назорат аз болои вилоётро шурӯъ мекунем. Ин раванд аз хуруҷи фаврии нерӯҳо фарқ дорад, Ва аммо он ба шурӯъи хуруҷи тадриҷии нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, аз ҷумла, ҷузву томҳои бундесвер мутобиқ хоҳад буд".
Айни ҳол дар Афғонистон чаҳору ним ҳазор низомиёни олмонӣ мустақаранд. Нерӯҳои олмонӣ дар ҳайати Эътилофи байнулмилалии зери фармони НАТО аз рӯи теъдод баъд аз низомиёни амрикоиву бритониёвӣ дар мақоми сеюм қарор доранд.
XS
SM
MD
LG