Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати Тачӣ дар ҷиноёти сангин тафтиш мешавад


Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар умури ҳифзи тартибот дар Косово иттилоъ дар бораи даст доштани Артиши озодихоҳи Косово дар тиҷорати аъзои бадани инсон дар солҳои 90-умро тафтиш мекунад. Он солҳо сарвазири феълии кишвар Ҳошим Тачӣ фармондеҳи ин артишр буд.
Ду рӯз қабл тафсилоти гузориши дипломат Дик Мартӣ дар Маҷмааи парлумонии Шӯрои Аврупо нашр шуд, ки дар он гуфта шудааст, гурӯҳи Тачӣ ба куштору ҳамлаҳои интиҳорӣ ва тиҷорати аъзои бадани инсон машғул буд. Ксавит Ҳалитӣ, вакили парлумони Косово ба Радиои Озодӣ гуфт: "Биёед ба гузашта баргардем, он вақт мо дар ҷанг будем ва на дар зиёфат. Дар ҷанг бошад одамонро мекӯшанд. Инро касе наметавонад рад кунад. Дар робита ба ин мавзӯъ, ман он вақт ҳамчун намояндаи сиёсии Артиши озодихоҳи Косово дар майдони ҳарб набудам. Ман далеле надорам ва наметавонам чизе бигӯям. Аммо фикр мекунам, ки ин иттиҳом бепоя аст.
Иттиҳоми даст доштани сарвазир Ҳошим Тачӣ дар тиҷорати аъзои бадани инсонро дирӯз ҳукумати Косово тӯҳмату бӯҳтон хонда буд.
XS
SM
MD
LG