Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷор дар Ҳирот мунҷар ба ҳалокати 14 нафар шуд


Бар асари як инфиҷор дар вилояти Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон, 14 нафар кушта ва дасти кам 4 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Қурбониёну осебдидагон савори автобуси хурде буданд, ки дар наздикиҳои марз бо Туркманистон ба майни рӯи раҳ бархӯрд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, онҳо ҳамагӣ хешу табор буданд.
Дар вилояти ҷанубии Ҳилманд бошад, бар асари зарбаи мушакии ҳавопаймои НАТО чаҳор низомии артиши Афғонистон ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи намояндаи вазорати дифоъи Афғонистон, сарбозон аз ҳудуди қисми низомӣ дар Мусо Қалъа берун шуданд ва сарнишинҳои ҳавопаймо онҳоро мусаллаҳони толибон пиндоштаанд. Ҳаайти фармондеҳии НАТО дар Афғонистон изҳор намуд, ки ин ҳодиса тафтиш мешавад.
XS
SM
MD
LG