Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди вакилони дифои Ходорковский аз изҳороти Путин


Вакилони дифоъи раҳбари пешини ширкати ЮКОС Михаил Ходорковский гуфтаҳои ахири нахуствазир Владимир Путинро ҳамчун фишор болои додгоҳ арзёбӣ карданд. Раиси ҳукумати Русия дар ҷараёни гуфтугӯи мустақими телевизионӣ бо шаҳрвандони Русия дар посух ба суол дар бораи мурофиаи навбатии додгоҳии Ходорковский гуфт, ки ӯ бояд дар зиндон боқӣ бимонад. Ба гуфтаи Путин, "ҷиноёти ҷаноби Ходорковский дар додгоҳ собит шудаанд".
Нахуствазири Русия афзуд, ки Ходорковский дар яғмои миллиардҳо рубл ва сарпечӣ аз пардохти андоз муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи Путин, барои ҳамин гуна ҷиноёт дар Амрико сармоядор Мэдофф барои 150 сол маҳкум ба зиндон шудааст.
Карина Москаленко, вакили дифоъи Ходорковский, гуфт, ин изҳороти Путин баёнгари он аст, ки дар мурофиаи нав ҳам шахси зери ҳимояташ маҳкум ба зиндон хоҳад шуд. Ӯ афзуд, гуфтаҳои Путин бори дигар ангезаи сиёсӣ доштани парвандаи Ходорковскийро собит мекунад.
Дирӯз эълони ҳукми нави додгоҳ алайҳи Ходорковский ва Платон Лебедев то рӯзи 27 декабр мавқуф гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG