Пайвандҳои дастрасӣ

Суҳроби Сафарзодро «Муини тоҷик» мегуфтанд, чун сабки ҳамин овозхон ӯро маъруф кард. Ҳар оҳанге, ки ӯ мехонд, як дунё роз дошт. Қиссаҳои кутоҳе буданд аз рӯзгори печидаву пур аз дардаш. Садои маҳзунаш ҳама ногуфтаниҳоро мегуфт.

Бо дарки он, ки шояд умраш ба мисли булбул кутоҳ хоҳад буд, дар зиндагӣ ҳамеша шитоб мекард. Барои бузург шудан, рӯи саҳна омадан ва таронаи маргро сурудан. Аз қалб мехонд, қалбе, ки ба дардҳо ва бераҳмиҳо тоб наовард ва билохира аз тапидан бозмонд.

Суҳроби Сафразод оҳанги охиринашро ҳамагӣ чанд соат пеш аз марги бармаҳали худ сабт кард. Таронае, ки ба мисли аксари дигар оҳангҳояш аз ҷудоӣ мегӯяд. Суҳроб нақша дошт, ҳамин оҳангро, ки бо ҳамовозии яке аз шогирдонаш таҳияи шудааст, дар шаби соли нави мелодӣ бихонад, аммо аҷал пешдастӣ карду имкони иштирок дар барномаҳои солинавии имсоларо ба Суҳроб надод. Аммо ин оҳанги охирин албоми нотамоми Суҳробро комил хоҳад кард ва баъд аз чанде ба дасти ҳаводоронаш хоҳад расид.

Ҳарчанд Суҳроби Сафарзод дар васфи падар оҳанге нахондааст, аммо ба гуфтаи Садриддини Наҷмиддин, ҳунарманди дигари тоҷик, ӯ хеле мехост барои модараш, ки дар танҳоӣ ва бо машаққати зиёд ӯро ба воя расондааст, ба ҳамин зудиҳо суруде омода кунад ва ҳатто матнашро низ пайдо карда буд.

Хайриниссо, модари Суҳроб гуфт, писараш зуд-зуд сабт кардани оҳангҳоро дӯст намедошт. Танҳо баъд аз он, ки моҳҳои дароз болои як оҳанг кор мекард ва мутамин мешуд, ки пуршунаванда мешавад, онро сабт мекард. Шояд ҳамин серталабӣ нисбати эҷодиёташ буд, ки Суҳроб ҳамагӣ як албомашро ба бозор ироа карда буду болои албоми дуввумаш кор мекард.

Суҳроби Сафарзод 7 соли пеш рӯи саҳнаи тоҷик омада буд. Аввал бо сабки Муин ва баъдан бо оҳангҳои дилчаспи худ тавонист дар мусиқии муосири тоҷик мавқеи худро пайдо кунад. Лаҳни пурҷозиба ва садои дилнишинаш ӯро маҳбуб кард. Ҳарчанд ситораи Суҳроби Сафарзод аз осмон канда шуд, аммо ҷилои ҳунари ӯ ҳамчун ахтар дар дили мухлисонаш маскан гирифтаву таронаҳояш пайвандгари қалбҳо хоҳад монд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG