Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 20 "таҳрири"-и тоҷик дар Маскав


Дар шаҳри Маскав 20 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони узвият дар созмони мамнӯъи “Ҳизбуттаҳрир” боздошт шудаанд. Хабаргузории “Азия плюс” бо такя ба оҷонси “Росбалт” навиштааст, ки ин афрод ва, аз ҷумла, раҳбарони эҳтимолии гурӯҳ Акмал Ғафуров ва Алишер Отаҷонзода, дар як амалиёти вижа ба дасти кормандони Раёсати Хадамоти федеролии амният дар шаҳри Маскав ва вилояти Маскав уфтоданд. Ҳангоми кофтукоб аз манзили зисти онҳо бомби нерӯманде ошкор гардид, ки, ба гуфтаи кормандони амниятӣ, аъзои “Ҳизбуттаҳрир” мехостанд онро дар роҳи оҳан инфиҷор кунанд.
Ба навиштаи “Росбалт”, алайҳи се шаҳрванди Тоҷикистон - Акбарҷон Отабоев, Акмал Ғафуров ва Алишер Отаҷонзода бо иттиҳоми “ғайриқонунӣ нигаҳ доштани маводи мунфаҷира” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Як манбаъи хабаргузорӣ дар хадамоти амниятии Русия ҳадс задааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон шояд дар терроризм ҳам айбдор шаванд.
Ин хабарро масъулини Кумитаи амнияти миллӣ ва вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳанӯз ташреҳ накардаанд.
XS
SM
MD
LG