Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарони ИА мушкилоти "минтақаи евро"-ро баррасӣ мекунанд


Мушкилоти молиявии кишварҳои "минтақаи евро" – мавзӯъи аслии нишасти дурӯзаи сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупост, ки имрӯз дар Брюссел шурӯъ мешавад. Гуфта мешавад, ба ҷуз Юнон, ки аз Иттиҳодияи Аврупо (ИА) ва Сандуқи байнулмилали пул кӯмаки молиявӣ мегирад ва Ирландия, ки ахиран парлумонаш қабули ин гуна кӯмакро пазируфт, ду кишвари дигар - Испания ва Португалия ҳам ба мушкили молиявӣ мувоҷеҳ шудаанд.
Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, дар арафаи нишасти Брюссел ба пойдории евро ва кӯмаки ИА ба кишварҳои ниёзманди узв изҳори итминон кард.
XS
SM
MD
LG