Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти "таърихи"-и Ҳиндустон ва Чин


Имрӯз сарвазири Ҳиндустон ва раиси Шӯрои давлатии Чин дар шаҳри Деҳлӣ дар робита ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар музокирот мекунанд. Манмоҳан Сингҳ ва Вэн Сзябао, аз ҷумла, мавзӯъи имкони ширкати Чин дар бунёди баъзе аз иншоот дар минтақаи Кашмирро баррасӣ хоҳанд кард.
Бар пояи хабарҳо, ба рӯзномаи музокирот мавзӯъи пуштибонии Ҳиндустон аз Далай Лама, раҳбари фирории буддоиҳои Тибет, низ ворид шудааст. Далай Лама ва ҷонибдоронаш солҳо боз дар шимоли Ҳиндустон ба сар мебарад ва ин яке аз монеъаҳои ҷиддӣ дар рушди ҳамкориҳои миёни ду кишвар маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG