Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷуғрофиёи амалиёти низомӣ васеътар мешавад


Дасти кам даҳ ширкати сохтмонӣ, ки ба корҳои истеҳкоми соҳили рӯдхонаи Панҷ, дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, воқеъ дар марзи ҷанубии Тоҷикистон бо ҷумҳурии исломии Афғонистон машғул ҳастанд, фаъолияти худро дар ин замина қатъ кардаанд.

Холмурод Нурматов, сардори корхонаи воҳиди давлатии сохтмон ва истифодабарии ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба Озодӣ гуфт, тасмими манъ шудани корҳои сохтмонӣ дар рӯдхонаи Панҷ бо дастури ҳукумати маҳаллӣ гирифта шуд. Ӯ баргузории амалиётҳои фаврӣ -ҷустуҷӯии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ин минтақа барои безарар гардондани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро аз сабабҳои аслии қатъи кор дар соҳилҳои рӯдхона номбар кард.

Аз ду рӯзи пеш, таҷаммӯъи нерӯҳои интизомӣ дар атрофи кӯҳи Хоҷамӯъмин, дар 200 километрии ҷануби шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба мушоҳида расид. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, амалиёт барои таъқиби гурӯҳи ҳамлавар дар ноҳияи Балҷувонҷ ҳудудан ду ҳафтаи пеш, дар қаторкӯҳҳои ноҳияҳои Балҷувон, Восеъ ва Ҳамадонӣ идома дорад.

Ҳарчанд бо дастури ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ фаъолияти ширкатҳои сохтмонӣ дар рӯдхонаи Панҷ мутаваққиф шудааст, аммо Холмурод Нурматов, сардори корхонаи воҳиди давлатии сохтмон ва истифодабарии ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, маълум нест, ки то чӣ замоне ин вазъ идома пайдо хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки корҳои соҳилбандӣ дар рӯдхонаи Панҷ, пас аз паёмадҳои селоб дар се соли пеш, ки бештари истеҳкомоти ин рӯдхона ва чандин муассиса ва корхонаи ноҳияи Ҳамадониро тахриб карда буд, идома дорад.

Ҳамадонӣ, ноҳияе дар ҷануби Тоҷикистон бо шимоли Афғонистон ҳаммарз аст ва ҷамоати Чубеки ин ноҳия байни кӯҳи Хоҷамӯъмин ва рӯдхонаи Панҷ воқеъ мебошад.

Ҳамакнун чунин ба назар мерасад, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба хотири саркӯбии гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша, ки ҳамлаи маргбореро дар ноҳияи Балҷувон анҷом доданд, бештари манотиқи марзии ҷануби ин кишварро таҳти контрол даровардаанд.

Дар пайи ҳамлаи ин гурӯҳи мусаллаҳ ба деҳаи Дулонамайдони ноҳияи Балҷувон, се корманди идораи пулис ва амниятӣ ин ноҳия кушта ва ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG