Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулияти таркиши Чобаҳори Эронро "Ҷундуллоҳ" бар дӯш гирифт


Дар натиҷаи як бамгузории худкушона дар масҷиди шиъаҳо дар вилояти ҷанубушарқии Сиистону Балуҷистони Эрон, 39 нафар кушта ва дастакам 50 нафар захмӣ шуданд. Таркиши хунин дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки аҳолии маҳаллӣ ба маросими Ошӯро омодагӣ мегирифт.

Инфиҷор дар шаҳри Чобаҳор масҷиди Имом Ҳусейнро валангор кард ва онҳоеро ба ҳалокат расонд, ки барои тамрини раҳпаймоии рӯзи Ошӯро, маросими сӯгворӣ аз ҳалокати Ҳусейн, набераи паёмбари ислом Муҳаммад, ҷамъ омада буданд.

"Ҷундуллоҳ" масъулиятро ба дӯш гирифт

Бино ба гузориши шабакаи телевизионии "Ал-Арабия", созмони ситезаҷӯи сунниҳо бо номи "Ҷундуллоҳ", ки дар гузашта низ чандин ҳамлаи ҳамсонро дар вилояти Сиистону Балуҷистон роҳандозӣ кардааст, масъулияти таркиши Чобаҳорро бар дӯш гирифт. Шабакаҳои телевизионӣ бинои тахрибшуда ва доғҳои хунро дар рӯи роҳ ва шикастпораҳо нишон доданд ва шоҳидони воқеа гуфтанд, бахше аз кушташудагон занону кӯдакон будаанд.

Шабакаи инлисизабони ПрессТиВи, ки ба ҳукумати Эрон таллуқ дорад, дар хабарҳои ибтидоияш шумораи кушташудагонро 38 нафар номид ва гуфт, пеш аз ҳамла таҳдидҳое садо додаанд. Алимуҳаммади Озод, устондори Сиистону Балуҷистон, мегӯяд, ин як ҳаракати террористӣ буд ва метавонист, пайомадҳои сангинтаре дошта бошад, зеро мебоист ду таркиши ҳамзамон ба вуқӯъ мепайваст.

Идомаи хушунатҳои қаблӣ

Ин таркиш идомаи хушунатҳоест, ки чанд моҳ ба ин сӯ устони Сиистону Балуҷистонро фаро гирифтааст. Моҳи гузашта Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида созмони "Ҷундуллоҳ"-ро, ки даҳҳо инфиҷор ва даргириҳоро дар ин минтақа ташкил додааст, ба феҳрасти ташкилоти террористӣ шомил кард. Теҳрон ба таври мӯҳтотона аз ин иқдом истиқбол кард, ҳарчанд дар гузашта Иёлоти Муттаҳида ва Британияро дар пуштибонӣ аз ин гурӯҳ айбдор кардааст.

Моҳи июни имсол созмони "Ҷундуллоҳ" масъулияти таркиш дар масҷиди ҷомеаи Зоҳидон, пойтахти устони Сиистону Балуҷистонро бар дӯш гирифт, ки дар натиҷаи он 28 нафар кушта шуданд. Ин ҳамла посух ба эъдоми раҳбари "Ҷундуллоҳ", Абдулмалик Регӣ дар моҳи май унвон шуд.

Пеш аз он, дар моҳи октябри соли 2009 бар асари ҳамлаи "Ҷундуллоҳ" дар минтақаи Пишини устони Сиистону Балуҷистон зиёда аз 40 нафар, аз ҷумла шаш фармондеҳи аршади Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ кушта шуданд.

Ангезаи ноамнӣ ва хунрезиҳо чист?

Бисёриҳо бо шунидани ин хабарҳо ба андеша мераванд, ки сабаби чунин ноамнӣ ва хунрезиҳо дар устони Сиистону Балуҷистони Эрон чист. Абдулсаттори Душукӣ, таҳлилгари масоили Сиистону Балуҷистон дар Лондон, ин хушунатро дутарафа медонад.

Ҳукумати ҷумҳурии исломӣ мӯътақид аст, тарафдорони иқдомоти террористӣ гурӯҳҳои салафии тундрав ҳастанд, ки дар Сиистону Балуҷистон ва мавридҳои монанде дар манотиқи курднишини ғарби Эрон даст ба аъмоли террористӣ мезананд. Аммо баъзеҳо бар инанд, ки сиёсатҳои хоси ҳукумати марказӣ дар баробари Сиистону Балуҷистон ва низ тундравиҳои бархе аз рӯҳониёни шиъа нисбат ба муқаддасоти аҳли суннат фазоро барои хушунат муҳайё мекунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, чунин фазо аз давраи пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон дар соли 1979 маншаъ мегирад. Сиистону Балуҷистон яке аз қашшоқтарин вилоятҳои Эрон аст ва солҳост ба яке аз масирҳои асосии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистону Покистон табдил ёфтааст. Тахмин меравад, дар ин солҳо дар даргирӣ бо қочоқбарон зиёда аз 4000 марзбон ва полиси Эрон кушта шудаанд.

Абдулсаттори Душукӣ, таҳлилгари масоили Сиистону Балуҷистон дар Лондон мегӯяд, дар давраи раёсатҷумҳурии Муҳаммади Хотамӣ хушунат коҳиш ёфт, зеро ҳукумат роҳи гуфтушунид бо норозиёни балуҷро дар пеш гирифт ва ба сармоягузорӣ дар иқтисодиёти вилоят шурӯъ кард. Ин раванд дар давраи президент Маҳмуди Аҳмадинажод гусаста гашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG