Пайвандҳои дастрасӣ

Пайдо шудани гурӯҳҳои мусаллаҳи номаълум дар ҷануби кишвар, вокунишҳо ба маводи нашрнамудаи Викиликс, сафари Латифи Пидром, шоир ва сиёсатмадори Афғонистон ба Тоҷикистон ва таъсиси Шӯрои ҷамъиятии мубориза бо фасод аз мавзӯъҳои меҳварии матбуоти ин ҳафтаи чопи Душанбе будаанд.

Ҳафтаномаи «Озодагон» дар матлабе таҳти унвони «Пушти ифшогариҳои сомонаи Викиликс кӣ ё чӣ ниҳон аст?» назарпурсиеро анҷом додааст.

Муҳаммадалии Ҳайит, коршиноси масоили сиёсӣ, гуфтааст, ки аслан асрори нуҳуфта ва пасипардагии бисёре аз давлатҳоро ин сомона фош кардааст. Аммо вақте, ки чунин ифшогариҳо аз ҷониби Викиликс сурат гирифт, пас бо эҳтимолияти қавӣ метавон гуфт, ки пушти фаъолияти ин сомона, давлатҳои абадқудрат ҳастанд, ки маълумотҳо ба сиёсати онҳо рабт доранд.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, роҳбари Асосиатсияи Милли Сиёсатшиноноси Тоҷикистон дар робита ба нашри маводи Викмиликс дар бораи Тоҷикистон гуфтааст, ки «ба фикри ман мақомоти Тоҷикистон ба нашри асноди махфии Викиликс марбут ба сиёсати давлат ҳеҷ вокунише нишон намедиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон қаблан чунин таҷриба дошт. Соле қабл, Хазинаи байналмилалии асъор ҳам маълумотҳоеро пайдо намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон онро махфӣ нигоҳ дошт. Дар ҷавоб давлати мо хомӯширо ихтиёр кард."

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» зери матлаби «Асанж, ҳақиқат ва мо» нигошта, ки гурӯҳе ӯро (Асанж, муассиси Викиликс дар назар аст) «қаҳрамонӣ даврони мо» ва гӯруҳе «гумоштаи хадамоти ҷосусӣ ном мегиранд, вале ӯ ва як лоиҳаи интернетии ӯ, ки касе ба муваффақияташ бовар надошт, боиси «инқилоби ҷаҳонӣ», «оғози ҷанги нави кибернетикӣ» ва ҳатто «ҷанги сеюми ҷаҳонӣ» гашт.

Дар ин матлаб омадааст, ки Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ришаханде ба демократияи ғарб зада гуфтааст, ки «агар ин демкоратия бошад, пас комил бошад.Чӣ лозим ҷаноби Асанжро ба зиндон андохтанд?» Президенти Бразилия аз он изҳори тааҷуб мекунад, ки «касе ба ҳимояи ӯ, ки кори худро беҳтар аз аксарияти дипломатҳо анҷом додааст, барнамехезад».

Бахши дигари матолиби ҳафтаномаҳо ба пайдо шудани ҷойи пайи гӯрӯҳҳои террористӣ дар Хатлон бахшида шудааст.

«СССР» менависад, ки пайдо шудани гурӯҳи бузурги низомиён дар аввали моҳи декабр дар Данғара боз ҳам сару садоҳои зиёдро ба бор овард. Гуё, ки гурӯҳи силоҳбадастон нияти ворид шудан ба ноҳияро доранд. Вале, ин танҳо овоза буду бас. Дар асл низомиён мехостанд, ки роҳи фирори гурезаҳои Балҷувонро банданд. Мардум ин гурӯҳро ҳамакнун дар Кӯли Сӯфиён -маҳаллаи наздик ба кӯҳманзари Себистони Данғара дидаанд.

«Озодагон» ба пайдо шудани гӯруҳи мусаллаҳ дар минтақаи ҷануб ҳам матлаберо бо номи «Террористон то Восеъ расиданд» навиштааст, ки қариб 100 нафар корманди ҳифзи ҳуқуқ онҳоро ҷустуҷӯ мекунанд, вале то ба ҳол ба натиҷае нарасидаанд.

«Нигоҳ» ва «Наҷот» дар робита ба таъсиси шӯрои ҷамъиятии мубориза бар зидди фасод пардохтаанд. Ойинҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси саршиноси кишвар гуфтааст, ки ба фикри вай, аз таъсиси шӯроҳои ҷамъиятӣ беҳтар аст ба масоили калидӣ, мисли боло бурдани нақши парлумон, интихоботҳои шаффоф, истиқлолияти судҳо ва расонаҳо, интихоби кардани раисону ноҳияҳову вилоятҳо ва ғайра чанг занем.

«Ҳафтаномаи «Миллат» мусоҳибаеро бо Низорамоҳ Зарифова, ходими ҷамъиятӣ, ки ҳоло бознишаст аст, анҷом додааст. Низорамоҳ Зарифова аз хотираҳои таҷрибаи кории хеш дар замони шӯравӣ нақл карда гуфтааст, изофанависии пахта дар Шӯравӣ сар шуду ман дар мобайн соф баромадам ва ҳамаи мардонро айбдор карданд.

Дар саҳифаи дигари ҳамин ҳафтаномаи акси Бозор Собир, шоир муҳоҷири тоҷик, Мӯъмин Қаноат, шоири маҳбуб, Латифи Пидром, шоир ва сиёсатмадори Афғонистон ва Ҳабибуло Абдуразоқов, ҳунарманди саршинос чоп шудааст, ки гирди дастархон нишастаанд.

«ИмрӯзNews” дар мавриди «Қорӣ Восит! Парвандаи комилан махфӣ», «Азияплюс» дар мавриди манъи сигоркаши дар ҷойҳои ҷамъиятӣ матлаб нашр кардаанд.

«Фараж» ва «Пайкон» ин ҳафта низ чоп нашуданд. Хуршеди Атовулло сардабири «Фараж» гуфт, ки чопхонаҳо боз бо сабаби «мушкили техникӣ», нашрияи онҳоро чоп накарданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG