Пайвандҳои дастрасӣ

Назари Сенат ба аҳдномаи коҳиши таслиҳоти Амрикову Русия


Сенати Иёлоти Муттаҳида қарор аст, имрӯз баррасии қарордоди нави Амрико ва Русия дар бобати коҳиши таслиҳотро оғоз кунад. Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама гуфтааст, тасвиби ин созишнома аз вазифаҳои аввалиндараҷа аст. Аммо ҷумҳурихоҳон аз он ки санади нав дифои зиддимушакии Амрикоро маҳдуд мекунад, изҳори шубҳа кардаанд. Онҳо гуфтаанд, талош мекунанд, ки тавсиби лоиҳа ба дарозо кашад. Дар ҳамин ҳол, сенатори ҷумҳурихоҳ Ричард Лугар гуфтааст, радди ин қарордод мояи шодмонии Эрон, Кореяи Шимолӣ, Сурия ва Бирма хоҳад шуд. Санадро президентҳои Обама ва Медведев дар моҳи апрел ба имзо расонда буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG