Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Лондон масъалаи озодии Ассанҷро баррасӣ мекунад


Додгоҳи Британия имрӯз дар мавриди озодии бунёдгузори торнамои Викиликс, Ҷулиан Ассанҷ дар ивази гаравпулӣ қарор хоҳад кард. Барои раҳоии вай 317 000 доллар гарав гузошта шудааст. Аммо озодии Ассанҷ замоне ба таъхир афтод, ки додситонҳои Шведсия дурустии ин ҳукмро зери шубҳа гузоштанд ва бознигарии онро талаб карданд. Тарафдорони Ассанҷ мегӯянд, эҳтимолан иттиҳомот таҷовуз ва озори ҷинсӣ ангезаҳои сиёсӣ дошта бошанд. Нашри барқияҳои махфии дипломатии Иёлоти Муттаҳида Вошингтонро хашмгин кардааст.
XS
SM
MD
LG