Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасҳеҳи созишномаи парвозҳои Тоҷикистон ва Узбакистон


Мақомоти ҳавонавардии Узбакистон тасҳеҳ ва пешниҳодҳои хешро барои такмили соизшномаи танзими хадамоти парвозҳо ба мақомоти Тоҷикистон фиристоданд. Дар ин санад масъулияти тарафҳо дар идораи парвози ҳавопаймоҳо дар қитъаҳои муайяни ҳарими ҳавоии ду кишвар муқаррар шудаанд. Тобистони имсол, вақте ки мӯҳлати бақои созишномаи ҳамсони Тоҷикистону Узбакистон, ки 17 сол пеш ба имзо расида буд, поён ёфт, Узбакистон барои гузаштани ҳавопаймоҳои Тоҷикистон аз ҳарими ҳавоияш андоз ҷорӣ кард. Ҳоло ҳамкории ду кишвар бино бар як созишномаи муваққатии пулакӣ идома дорад. Қарор аст, манти ниҳоии созишнома дар сатҳи сарони давлатҳо ба имзо расад.
XS
SM
MD
LG