Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз эътилофи нави Қирғизистон эълон мешавад


Се ҳизби сиёсии Қирғизистон, ки дар интихоботи порлумонии моҳи октябри ин кишвар пирӯз шуда, ба маҷлис роҳ ёфтанд, ба созиш расиданд, ки як эътилофи васеъ таъсис диҳанд. Тафовуқ дар ҳоле иттифоқ афтод, ки пас аз нокомии Ҳизби сотсиал-демократ, раисиҷумҳур Роза Отунбоева ташкили ҳукуматро бар дӯши ҳизби "Республика" гузошт. Намояндагони ин ҳизб хабар доданд, ки Ҳизби сотсиал-демократ ва Ота Журт ба эътилоф бо "Республика" ризоият додаанд. Нокомии қаблӣ асосан ба тақсими мансабҳои калидӣ дар ҳукумати нав бастагӣ дошт.
XS
SM
MD
LG