Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти зиёда аз 1000 хоҳишманди занозанӣ дар Маскав


Полиси Маскав барои пешгирӣ аз хушунатҳои байниқавмӣ дар шаҳр зиёда аз 1000 нафарро ба ҳабс гирифт. Аксари боздоштҳо дар назди вокзали Киевская ба вуқӯъ пайваст, ки ҷои таҷаммӯи тоҷирони қафқозитабор аст. Садҳо ҷавони рус низ ба ин ҷо ҷамъ омада, шиорҳои таҳрикомези нажодпарастона сар медоданд. Аввали ҳафта миллатгароёни рус дар хиёбони Манежи маркази Маскав тазоҳурот карданд ва баъд аз латукӯби намояндагони миллатҳои ғайрирус бо полис даргир шуданд. Созмонҳои муҳоҷирони тоҷик аз тоҷикони муқими Маскав ва Русия хостаанд, ба иғвогариҳо дода нашаванд.
XS
SM
MD
LG