Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи мутолиаи маводи WikiLeaks дар нерӯҳои ҳавоии Амрико


Фармондеҳии нерӯҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида ба кормандони хеш боздид аз торнамоҳоеро манъ кард, ки дар онҳо асноди аз тарафи Викиликс ифшошудаи Амрико интишор меёбанд. Аз ҷумла боз кардани торнамоҳои "Ню Йорк Таймс" ва "Гордиан" мамнӯъ эълон шуд. Сухангӯи нерӯҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида, майор Тонӣ Тонс, гуфт, ба сурати умум дастрасӣ ба 25 сомона, ки чуин аснодро нашр кардаанд, дигар номумкин хоҳад буд. Вай афзуд, дар байни ин ҳуҷҷатҳо иттилое ҳаст, ки кормандони нерӯҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида набояд бубинанд. Артиш ва нерӯҳои дарёии Амрико гуфтаанд, онҳо аз чунин чора кор нагирифтаанд. Ҳафтаҳои охир торнамои Викиликс барқияҳои дипломатии Амрикоро нашр мекунад, ки аз тарафи Вошингтон махфӣ ва маҳрамона номида шудаанд.
XS
SM
MD
LG