Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Украина бар зидди Тимошенко парванда боз кардаанд


Юлия Тимошенко-нахуствазири собиқи Украина гуфтааст, додситонии ин кишвар бар зидди вай барои суистифода аз маблағҳои ҷудошуда ба хотири иҷрои барномаҳои марбут ба Протоколи Киото парванда боз кардааст. Додситонии Кулли Украина гуфтааст, ба Юлия Тимошенко дастур дода шудааст, ки шаҳри Киевро тарк накунад. Қабл аз ин мақомоти Украина эълон карданд, ки Георгий Филипчук-вазири собиқи зистмуҳитии кобинаи Тимошенкоро боздошт кардаанд. Вай барои сӯистифода аз мақом бозпурсӣ мешавад. Додситонӣ дар эъломияе, ки имрӯз ба нашр расондааст, мегӯяд, ки баъд аз муҳосибаи молии фаъолияти кобинаи пешини вазирон бар зидди Филипчук парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
XS
SM
MD
LG