Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоми сарвазири Косово ба қочоқи узвҳои инсон


Ҳошим Тачӣ, нахуствазири Косово

Ҳошим Тачӣ, нахуствазири Косово

Дар ин бора дар тарҳи гузориши ахири Шӯрои Аврупо навишта шудааст, ки аллакай аз ҷониби ҳукумати Косово ба унвони як тӯҳмату бӯҳтон маҳкум гардид.

Як бахши тарҳи гузориши муфаттишони аврупоӣ дар бораи фармондеҳони собиқи артиши озодихоҳи Косово, як гурӯҳи ҷангиёнро дар қочоқи аъзои бадани инсон дар охири солҳои 1999-ум айбдор мекунад.

Гузоришгари Шӯрои Аврупо Дик Мартӣ тахмин мезанад, ки нахуствазири имрӯзаи Косово Ҳошим Тачӣ, ки замони ҷанг яке аз раҳбарони гурӯҳи ҷангиёни албанитабор будааст, яке аз дастандаркорони муҳими бизнеси сиёҳи қочоқи аъзои бадани зиндониҳо будааст.

Вокунишҳо ба иттиҳоми Ҳошим Тачӣ

Дар вокуниши аввалини худ ҳукумати Косово ин гузоришро чун як тӯҳмату бӯҳтон маҳкум ва рад карда таҳдид кардааст, ки зидди муаллифи он Дик Мартӣ тадбирҳои сиёсӣ меандешад. Ҳамчунин аз Шӯрои Аврупо тақозо мешавад, ки аз ин гузориш даст кашад.

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки гузориши мазкур бо ҳадафи шармандасозии Тачӣ баъди интихоботи парлумонии рӯзи 12 декабр нашр шудааст. Ин нахустин интихоботи Косово аст, ки баъди истиқлолияти ин кишвар аз Сербистон дар соли 2008 баргузор мешавад ва ҳизби нахуствазир ҳам ба назар мерасад пешгоми ин рақобатҳо шудааст.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия. гуфтааст, дар сурати тасдиқ шудани иттиҳомоти нахуствазири Косово бояд он чун "ҷиноят алайҳи башар" муҳокима шавад
Дар Маскав вазири хориҷаи Сербистон Вук Еремич дар нишасти матбуотие гуфт, ки ҳоло ояндаи Тачӣ зери суол аст:

Ӯ афзуд: “Гузориш баёнгари он аст, ки ҳоло вақти чашмпӯшии ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон ба он воқеиятҳои даҳшатноке, ки Косово дорад, гузаштааст. Ин гузориш симои имрӯзаи Косово ва ҳам раҳбарони онро нишон медиҳад. Ва мо бояд як роҳҳаллеро барои ин кишвар пайдо кунем”.

Дар изҳороте, ки баъди ин нишасти матбуотӣ вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ироа кард, омадааст, дар сурати тасдиқ шудани иттиҳомоти гузориш бандҳои он бояд чун “ҷиноят алайҳи башарият” муҳокима шавад. «Ин гузориш набояд ҳамчун як ҳуҷҷати тамомшуда як сӯ гузошта шавад», -гуфтааст ӯ.

Дар Белград, ки соли 1997 Тачӣ дар ғайбаш ба унвони террорист маҳкум шуда буд, сухангӯи додситони ҷиноёти ҷангӣ Бруно Векарич гуфт, гузориши Мартӣ як пирӯзии Сербистон аст.

Тафсилоти нави низоъҳои Косово


Гурӯҳи таҳти унвони «Артиши озодихоҳи Косово» солҳои 1998-1999 зидди нирӯҳои вафодор ба президенти собиқи Югославия Слободан Милошевич ҷангидааст. Дар ин низоъҳои қавмӣ 13 ҳазор нафар ба ҳалокат расид ва то ҳол 1900 нафар беному нишон маҳсуб мешаванд.

Дар гузориши Мартӣ навишта мешавад, ки шаҳрвандони мулкӣ ба таври махфӣ аз ҷониби гурӯҳи ҷангиёни Тачӣ дар Албанияи Шимолӣ зиндонӣ шуда, “мавриди муомилаи ғайриинсонӣ ва таҳқиромез қарор мегирифтанд ва дар ниҳоят комилан беному нишон мешуданд”.

Мартӣ меафзояд, замоне, ки нирӯҳои байналмилалӣ назоратро бар Косово барқарор карданд, дар як клиникаи воқеъ дар наздикии маҳалле бо исми Фуше-Круйеи Албания, аъзои бадани баъзе зиндониҳо бурида мешуд. Баъдан ин органҳо ба бозори сиёҳ, аз Албания берун бароварда шуда ба клиникаҳои хусусӣ барои истифода дар амалиёти пайвандсозӣ ба инсонҳои мухталиф истифода мешуд. Оқои Мартӣ меафзояд, ки ин фаъолиятҳо аммо бо шаклҳои дигар то имрӯз ҳам идома дорад.

Дар гузориш Дик Мартӣ менависад, хулосаҳояш бар пояи манобеи дохилии гурӯҳи ҷангиён, аз ҷумла ронандаҳо, муҳофизон ва нафароне таҳия шудааст, ки дар ҳамлу нақл ва корҳои ташкилӣ ва ё раҳбарии гурӯҳҳои тиҷорати органҳо даст доштанд.

Робитаи Тачӣ бо гурӯҳи ҷинояткор


Дар ин гузориш исми манобеъ ва ҳамчунин шумори қурбониҳои ин тиҷорати сиёҳ оварда намешавад. Муфаттиши аврупоӣ инчунин бо такя ба гузоришҳои даҳ сол пеш мегӯяд, ки Тачиву дигарҳо дар бизнеси қочоқи маводи мухаддир ҳам даст доштанд.

Мартӣ мегӯяд, ки Тачӣ ҳамчунин раҳбари гурӯҳи мавсум ба Дреника, як бахше аз артиши озодихоҳи Косово буд, ки ҳадди аққал дар давоми соли 1998 дар ҳайати гурӯҳи нафарони бисёр бонуфузу нирӯманд ҷиноятҳои муташаккили минтақаро назорат мекард.

Дар гузориши Мартӣ омадааст, пуштибоние, ки раҳбарони ғарбӣ ба Тачӣ ва ҳукумати ӯ баъди хатми низоъҳои Косово кардаанд, дар амал боиси як шахсияти “дастнорас” шудани Тачӣ гардид. Дар гузориш гуфта мешавад, ки Тачӣ бо кӯмаки ҳукумати Албания, хадамоти махфӣ ва ҳам гурӯҳҳои мафиёӣ амал кардааст.

Дик Мартӣ дар ҷараёни тафтишҳои дусолаи худ аз Белград, Тирана ва Приштина дидан карда бо мақомоти давлатӣ, додситониҳову вакилони парлумон, сохторҳои мухталифи байналмилаливу созмонҳои ҷамъиятӣ мулоқотҳо кардааст.

Дафтари матбуоти Шӯрои Аврупо дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки то замони муаррифӣ шудани ин гузориш дар кумитаи умури қонун ва ҳуқуқи инсони маҷмаи парлумонии Шӯрои Аврупо дар Париж рӯзи 16 декабр Дик Мартӣ аз мусоҳиба бо хабарнигорон худдорӣ мекунад. Қарор аст, дар ин нишаст ду вакили парлумони Косово ҳам иштирок кунанд ва баъди анҷоми он нишасти матбуотӣ доир шавад.

Таҳқиқоти Мартӣ баъди он шурӯъ шуд, ки Карла Дел Понте, собиқ додситони трибунали байналмилалӣ барои Югославияи собиқ дар як китобаш дар бораи даст доштани Тачӣ ба як қатор ҷиноятҳо навишта буд. Худи Мартӣ собиқ додситони кулли Швейсария буда баъди он маъруф шуд, ки соли 2007 аз номи Шӯрои Аврупо 14 давлати аврупоиро барои дар давоми солҳои 2002-2005 ташкил кардани зиндонҳои махфии оҷонсии марказии истихборот муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG