Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё пизишкон роҳи табобати СПИД ё саратони хунро ёфтаанд?


Хунгузаронии ғайримаъмулӣ ба ҷисми як марди амрикоии гирифтори бемории ЭЙДз ё СПИД, ки дар Берлин ба сар мебарад, зоҳиран бо муваффақият анҷом гирифтааст. Аммо пизишкон мегӯянд, ки чунин хунгузаронӣ ҳоло маъмул нашудааст ва онро наметавон барои доираи васеъ истифода кард. Маҷаллаи "Blood" ё "Хун" навиштааст, ин мард 40 сола аст ва соли 2007 барои халосӣ аз хатари саратони хун амалиёти интиқоли ҳуҷайраҳои хун анҷом дода буд. Ҳоло бо гузашти се сол аз ин амлиёт пизишкон мегӯянд, ки дар ҷисми ин мард нишонаҳои бемории саратони хун ва бемории ЭЙДз ё СПИД-ро мушоҳида накардаанд.
XS
SM
MD
LG