Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизбҳои порламонии Қирғизистон эътилоф ташкил карданд


Аз 5 ҳизби сиёсие, ки дар Қирғизистон дар натиҷаи интихобот ба порламон роҳ ёфтанд, сетоаш розӣ шудаанд, ки эътилоф ташкил мекунанд. Талошҳои ҳизби Сотсиал-Демократ дар аввали моҳи ҷорӣ барои ташкили эътилоф ноком шуд ва Роза Отунбоева-раиси ҷумҳур ба Ҳизби Республика пешниҳод кард, ки эътилофи порламонӣ ташкил кунад. Имрӯз Ҳизби Республика гузориш дод, ки бо ширкати Ҳизби Сотсиал-Демократ ва Ата-Журт ба ташкили эътилоф муваффақ шудаанд. Акнун ин эътилоф аз 120 курсии порламон 77 курсиро дар ихтиёр хоҳад дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG