Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бамгузории интиҳории Эрон қариб 36 кас кушта шудаанд


Матбуоти Эрон навиштааст, имрӯз дар ҷануби шарқи ин кишвар дар шаҳраки Чорбаҳори устони Систон-Балуҷистон дар як бамгузории машкуки интиҳорӣ даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Маҳалли ҳодиса ба марз бо Покистон наздик аст. Инфиҷор дар ҳоле рух додааст, ки зоирон барои гиромидошт аз рӯзи шаҳодати имом Ҳусейн дар масҷид ҷамъ шуда буданд. Дар устони Систон-Балуҷистон аслан суннимазҳабон ба сар мебаранд. Дар ин минтақа як гурӯҳи суннӣ бо номи "Ҷундуллоҳ" фаъолият мекунад ва онҳо мегӯянд, ки бар зидди табъизи суннимазҳабон дар Эрон мубориза мебаранд. Моҳи июли соли ҷорӣ ин гурӯҳ масъулияти ҳамла ба масҷиди шиаҳоро дар ин устон ба ӯҳда гирифт. Он вақт дар ин ҳамла 28 нафар кушта шуда буданд.
XS
SM
MD
LG