Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Аброриддин Давлатов ва Бурҳониддини Шарифхоҷа, ду тан аз наздикони Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакиро, ки аз мадрасаҳои динии Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд, бозпурсӣ ва раҳо кардааст.

Бозпурсии расмӣ”

Аброриддин Давлатов ва Бурҳониддини Шарифхоҷа, ки яке 16 ва дигарӣ 17 сол дорад, дар яке аз мадрасаҳои динии Эрон таҳсил мекарданд ва рӯзи 13-уми декабр дар миёни 72 тан донишомӯз ба Душанбе омаданд.

Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи амнияти миллӣ, мегӯяд, ин ду нафар аз наздикони Алии Бедакӣ мисли дигар донишҷӯён мавриди “бозпурсии расмӣ” қарор гирифтаанд.

“Дар қатори ҳамон гурӯҳе, ки бармегаштанд, инҳо низ пурсуҷӯйи расмиро гузаштанд. Баъд ҷавоб доданд. Барои онҳо монеае нест”,-афзуд оқои Бӯриев.

Волидон чӣ мегӯянд?

Аммо як рӯз баъд аз бозгашти гурӯҳи донишомӯзон аз Эрон , ки Аброриддин ва Бурҳониддин дар миёни онҳо будаанд, волидонашон ба Ҳизби наҳзати исломӣ дар бораи боздошти онҳо хабар дода ва хостори кӯмаки ҳуқуқӣ шудаанд.

Ҳамон тавре ки Воҳидхон Қосиддинов, муовини раҳбари ҲНИТ, ба нақл аз волидони онҳо мегӯяд, “Аброриддин ва Бурҳониддин рӯзи 13-уми декабр дар қатори дигар донишҷӯён аз фурудгоҳ берун наомадаанд.”

Бар илова, гуфта мешавад ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон ин дафъа бо донишҷӯёне, ки аз Эрон баргаштаанд, сӯҳбатҳои тӯлоние доштаанд.

Ташхис дар фурудгоҳ

Ҳангоми бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ намояндагони Кумитаи умури дин ва маъмурони амниятӣ онҳоро мавриди бозпурсиву санҷиш қарор медиҳанд.

Донишҷӯёне, ки акнун ба ватан бозгаштаанд, аз тафсилоти сӯҳбати маъмурони амниятӣ бо онҳо худдорӣ меварзанд, вале Ҷумъахон Ғиёсов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, мегӯяд, намояндагони онҳо дар фурудгоҳ фақат адабиёти динии донишомӯзонро ташхис мекунанду халос.

Вай афзуд, “намояндагони мо рафта дар худи фурудгоҳ китобҳо ва маводи донишомӯзонро ташхис гузаронида, адабиёташонро пас мегардонанд. Рӯзи 13-уми декабр мо ду нафарро равон карда будем. Онҳо ҳамаи китобҳоро ташхис гузаронида, ҷавоб додаанд.”

Донишҷӯён эҳтиёткоранд

Абдусамад, як ҷавони тоҷик, ки ҳоло дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсилашро идома медиҳад, чанде пештар аз Қоҳира ба ватан бозгаштааст.
Вай бо мо хеле эҳтиёткорона сӯҳбат кард ва гуфт, ки “онҳоро дар фурудгоҳ мавриди бозпурсӣ қарор надодаанд.”

Дар вақти мо омадан пурсуҷӯ накарданд. Аммо дар рейси дигаре, ки 120 нафарро оварданд, шунидем, ки онҳоро дар бораи таҳсилашон пурсидаанд. Лекин моро ҳич чиз нагуфтанд”,-афзуд ӯ.

Бозгашт аз мадрасаҳо

Бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ идома дорад ва Кумитаи дини Тоҷикистон низ дар талоши бозгардондани он донишҷӯёнест, ки аз роҳҳои ғайрирасмӣ барои таҳсил ба кишварҳои исломӣ рафтаанд.

Иқдоми бозпас овардани ҷавонҳои тоҷик аз мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ дар охири моҳи август ва дар пайи суханронии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуд.

Вай аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки бештари онҳое, ки дар хориҷ аз кишвар дар мадрасаҳои динии исломӣ таълим мегиранд, ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ мегароянд.

Аз он муддат то кунун камаш 778 тан аз донишомӯзони тоҷик аз Покистон Арабистони Саудӣ, Миср ва Эрон оварда шудаанд. Мақомот мегӯянд, онҳо дар бораи таҳсили 1432 ҷавони тоҷик дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ маълумот доранд ва бояд то охири моҳи декабр ҳамаи онҳо оварда шаванд.

Тарҳи Консепсияи мубориза бо ифротгароӣ

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон фикри мубориза бо ифротгароӣ миёни ҷавононро дар сар доранд. Ҳоло як гурӯҳи корӣ дар Тоҷикистон тарҳи Консепсияи мубориза бо ифротгароӣ дар миёни ҷавононро таҳия кардааст.

Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, онҳо тарҳи Консепсияро ба Кумитаи кор бо ҷавонон пешниҳод кардаанд ва он ба зудӣ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG