Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сабаби таъхир дар қироати айбномаи Ходорковский маълум нест


Дар дуввумин мурофиаи додгоҳӣ қироати айбномаи Михаил Ходорковский то 27-ӯми декабр ба таъхир гузошта шуд. Марина Ходорковская-модари Ходорковский дар ин бора дар Маскав ба хабаргузории Ройтерз чунин гуфт:

"Хонуми сухангӯи додгоҳ ҳамин ҳоло гуфт, ки додгоҳ сабаби ин таъхирро эълон накардааст. Вай гуфт, додгоҳ фақат хабар додааст, ки хондани айбнома то рӯзи 27-ӯми декабр мавқуф гузошта мешавад".

Ходорковский замоне сарватмандтарин шахс дар Русия буд. Хабаргузориҳо дар ин бора бо такя ба ёддошти додгоҳ иттилоъ додаанд. Ба нақша гирифта шуда буд, ки имрӯз яке аз қозиёни додгоҳи Маскав қироати айбномаро шурӯъ кунад. Ходорковский соли 2003 барои пардохт накардани молиёт ба зиндон андохта шуд. Ҳоло вай барои аз худ кардани 27 миллиард доллар аз ҳисоби ширкатҳои зердасти Юкос гунаҳгор дониста мешавад. Агар Ходорковский ва Платон Лебедев-тарафи тиҷоратии вай муттаҳам эълон шаванд, дар он сурат онҳо ҳар ду то соли 2017дар зиндон хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG