Пайвандҳои дастрасӣ

АСТ: Тоҷикон дар Маскав ба таҳрикот дода нашавед


Ҷамъияти тоҷикон дар Маскав аз ҳамватанони худ дар ин шаҳр даъват кардааст, ки зери таъсири таҳрикоти ҷавонони тундгарои миллӣ нараванд. Анҷумани Созмонҳои Тоҷикон, аз ҷумла ҷамъиятҳои "Самандар" ва "Этмос", дар паёми худ гуфтааст, рӯзҳои ахир дар сомонаҳои мухталифи интернетӣ аз мусулмонони Русия даъват мешавад, ки ба шаҳрвандони Қафқоз бипайванданд ва дар ҳар қисмати зарурии Маскав барои тазоҳуроти эътирозӣ ҷамъ шаванд. Созмонҳои тоҷикӣ дар паёми худ ин гуна даъватҳоро ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ арзёбӣ кардаанд ва аз ҳамватанони худ хостаанд, ки аз ҳар гуна таҳрикот худро дар канор нигоҳ доранд.
XS
SM
MD
LG