Пайвандҳои дастрасӣ

Фаринас барои озодиҳои шахсӣ дар Куба мубориза мекунад


Ҳукумати Куба нагзоштааст, ки як норозии сиёсии ин кишвар ҷоизаи бонуфузи порламони Аврупоро дар бахши ҳуқуқи башар бигирад. Мақомот мегӯянд, барои Гулермо Фаринас дар маросими тақдими ҷоизаи ба номи Сахаров дар Страбурги Фаронса курсии холиеро нигоҳ медоранд. Худи Фаринас дар Куба ба хабаргузории Ройтерз гуфт:

"Ман фикр мекунам, ҳукумати Куба гумон дорад, ки баъд аз пешгирӣ аз ин сафар мо фаъолияти худро коҳиш медиҳем. Ин иштибоҳ аст. Мо ба талошҳоямон барои озодии шахсӣ идома медиҳем, ҳатто агар он бо зиндонӣ кардани мо анҷом ёбад ё ба арзиши ҷони мо тамом шавад".


Ҳукумати Куба иҷоза надодааст, ки Фаринас аз Куба ба Аврупо сафар кунад. Гулермо Фаринас дар оғози соли ҷорӣ гуруснанишиниро идома дод ва бад-ин тариқ аз мақомот раҳоии 52 маҳбусро тақозо мекард. Ҷоизаи Сахаров соли 1988 таъсис ёфт ва он ба номи Андрей Сахаров-норозии сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG