Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадбирҳо барои пешгирӣ аз задухӯрдҳои нав дар Маскав


Дар Маскав пулиси зидди тазоҳурот баъзе аз қисматҳои шаҳрро бастааст, то бад-ин тариқ баъд аз задухӯрдҳо дар наздикии Кохи Кремл аз имкони даргириҳои қавмӣ дар қисматҳои дигар пешгирӣ кунад. Тадобири амниятиро дар ҳоле рӯи даст гирифтаанд, ки як ҷунбиши тундрави миллатгаро аз пайравонаш хостааст, то имрӯз дар маркази Маскав дар баробари гурӯҳҳое аз минтақаи Қавқози мусулмоннишин гирдиҳам оянд. Рӯзи сешанбе Ҷунбиши зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз занону кӯдакони Маскав хост, ки аз хонаҳояшон берун наоянд ва ба мардон пешниҳод кард, ки мусаллаҳ шаванд ва дар ҷои задухӯрдҳои рӯзи чаҳоршанбе ҷамъ шаванд. Танишҳои қавмӣ моҳи ҷорӣ баъд аз ҳамлаи гурӯҳе аз мухлисони футбол аз ҷануби Русия баъд аз бозии дастаи "Спартак" Маскав шурӯъ шуд.
XS
SM
MD
LG