Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

18-ӯми декабр Рӯзи Ҷаҳонии Муҳоҷират аст


18-ӯми декабр бо Рӯзи Ҷаҳонии Муҳоҷират мусодиф аст. Моҳи декабри соли 2000 Маҷмаи Умумии СММ ба ҳамаи кишварҳои узв пешниҳод кард, ки ҳар сол 18-ӯми декабр Рӯзи Ҷаҳонии Муҳоҷиратро баргузор кунанд. Тоҷикистон яке аз кишварҳост, ки бештар аз як миллион нафар дар кишварҳои хориҷӣ муҳоҷири корӣ дорад ва маблағҳои ирсолии онҳо ба ватанашон соле то ба 40 дарсади даромади нохолиси миллии ин кишвар баробар мешавад. 18-ӯми декабр дар робита бо ин рӯз дар Хуҷанд нишасти коршиносону намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG