Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷори хунбор дар шаҳри Чобаҳори Эрон


Бар асари инфиҷори бомб дар шаҳри Чобаҳор, воқеъ дар устони Сиистон ва Балуҷистони Эрон дастикам 36 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти Эрон мегӯянд, ин таркиш ҳангоми маросими мазҳабии шииён ба хотири шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусейн дар миёни тӯдаҳои азодорон рух додааст.

Хабаргузориҳои эронӣ менависанд, ки инфиҷор зуҳри имрӯз, 15-уми декабр, дар назди масҷиди Имом Ҳусейн - маҳалли баргузории маросими мазҳабии "Тосуъо" ба вуқӯъ пайвастааст.

Муҳаммад Яъқуб Ҷадкол, намояндаи мардуми Чобаҳор дар маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, дар гуфтугӯ бо хабаргузориҳои расмии Эрон бо ишора ба амалиёти террористии имрӯз гуфтааст, ҳанӯз оморе дар бораи теъдоди қурбониёни таркиш дар даст нест, аммо ҳудуди 50 то 60 нафар ба маркази бемористон интиқол дода шудаанд.

Алӣ Ботинӣ, фармондори шаҳри Чобаҳор, дар сӯҳбат бо хабаргузории давлатии ИРНА, таркиши имрӯзаро "амали террористӣ" унвон кардааст ва гуфтааст, ин инфиҷор аз сӯи ду даҳшатафкан анҷом шудааст. Ба гуфтаи ӯ, яке аз ҳамлаварон дар пайи таркиш кушта ва нафари дуввум аз сӯи пулис боздошт шудааст.

Мақомоти Эрон то ҳол дар бораи мансубияти афроди ҳамлавар ба гурӯҳе иттилоъ надодаанд.

Вале як шабакаи телевизионии Имороти Муттаҳидаи Араб дар гузорише гуфтааст, ки масъулияти ин амали маргталабонаро гурӯҳи мавсум ба Ҷунбиши муқовимати мардумии Эрон ё Ҷундуллоҳ бар уҳда гирифтааст.

"Ҷундуллоҳ" гурӯҳи суннӣ буда, ба хотири дифоъ аз ҳаққи ақаллияти балуҷи суннимазҳаб меҷангад. Мақомоти Эрон ин гурӯҳро дар чандин бомбгузорӣ айбдор карда, мегӯянд, ки ин гурӯҳ бо "Ал-Қоида" низ робита дорад.

Тайи соли ҷорӣ бори дуввум аст, ки дар вилояти Сиистону Балуҷистони Эрон таркишҳои хунбор рух медиҳад. Тобистони гузашта дар наздикии як масҷид дар шаҳри Зоҳидони ин вилоят ду таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки 27 нафар кушта ва беш аз 160 тани дигар маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Масъулияти ин таркишҳоро низ ҳаракати "Ҷундуллоҳ" бар уҳда гирифта буд.
XS
SM
MD
LG