Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳур бо варзишгарон мулоқот мекунад


20-ӯми декабр дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо варзишгарони кишвар мулоқот мекунад. Ҳадафи аслии ин мулоқот рушди варзиш дар Тоҷикистон ва боло бурдани эътибори варзиши тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ арзёбӣ мешавад. Ҳадафи дигар ҷалби сармояи тоҷирону соҳибкорон ба бахши варзиш аст. Қарор аст дар ин мулоқот намояндагони ҳукумати марказӣ ва мақомоти маҳаллӣ ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG