Пайвандҳои дастрасӣ

Қироати айбномаи Ходорковский ба таъхир афтод


Дар дуввумин мурофиаи додгоҳӣ қироати айбномаи Михаил Ходорковский то 27-ӯми декабр ба таъхир гузошта шуд. Вай замоне сарватмандтарин шахс дар Русия буд. Хабаргузориҳо дар ин бора бо такя ба ёддошти додгоҳ иттилоъ додаанд. Ба нақша гирифта шуда буд, ки имрӯз яке аз қозиёни додгоҳи Маскав қироати айбномаро шурӯъ кунад. Ходорковский соли 2003 барои пардохт накардани молиёт ба зиндон андохта шуд. Ҳоло вай барои аз худ кардани 27 миллиард доллар аз ҳисоби ширкатҳои зердасти Юкос гунаҳгор дониста мешавад. Агар Ходорковский ва Платон Лебедев-тарафи тиҷоратии вай муттаҳам эълон шаванд, дар он сурат онҳо ҳар ду то соли 2017дар зиндон хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG