Пайвандҳои дастрасӣ

Як сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, Ҳикмат Азизов мулаққаб ба Кӯри Малиш, маҳбуси фирории боздоштгоҳи Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон ва бародари Неъмат Азизов, аз фармондеҳони собиқи мухолифонро, ки дар ҳаводиси тобистони соли гузашта дар Тавилдара кушта шуд, шинохтааст.

Сӯҳроб Ойаҳмадов, сокини деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ дар сӯҳбат ба РО гуфт, ки дар зери купруки ин минтақа гурӯҳи иборат аз ҳафт нафараи либоси низомипӯшро мушоҳида карда ва онҳо ӯро барои сӯҳбат даъват кардаанд.

Оймаҳмадов мегӯяд, ки ин афрод худро кормандони пулис муаррифӢ карда ва шаҳодатномаи корманди милитсияро низ ба ӯ нишон додаанд аммо дар миёни онҳо Ҳикмат Азизов муллақаб ба Кӯри Малишро, ки шаби 23 август аз боздоштгоҳи КАМ-и Тоҷикистон фирор карда буд, шинохтааст. Зеро вай мегӯяд қаблан акси ӯро дар телевизион ва овезаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар кӯча ва хиёбонҳо дидааст.

ВКД: Амалиёт дар қаторкӯҳҳои ҷануби Тоҷикистон идома дорад

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар як қатор силсилакӯҳҳои ҳудуди ноҳияҳои Балҷувон, Ҳамадонӣ ва Восеъи вилояти Хатлон амалиёти махсуси кормандони пулис барои безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки ҳамла дар Балҷувонро анҷом додаанд, ҷараён дорад.

Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои пулис аз шаби душанбеи 13 декабр дар атрофи кӯҳи Хоҷамӯъмин таҷаммӯъ кардаанд ва сокинони ноҳияи Восеъ гашту гузори чархболи низомӣ дар ин ноҳияро мушоҳида намудаанд.

Ҳарчанд раёсати минтақавии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Кӯлоб хабари таҷаммӯъи нерӯҳои пулис дар атрофи кӯҳи Хоҷамӯъминро таъид карда буданд, аммо вазорати кишвар дар ин бора то ҳол хомӯш буд.

Ҳамакнун Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 15 декабр дар сӯҳбат бо РО гуфт, гурӯҳҳои фаврии пулис барои эҳтимолан вуҷуд доштани гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва ё фирори он гурӯҳе, ки ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Балҷувон ҳамла карда буданд, амалиётҳои фаврӣ ва чустуҷӯиро анҷом медиҳанд.



Ҷаноби Асадуллоев таъкид кард, ки амалиётҳо дар як қатор силсилакӯҳҳои ҳудуди ҷануби Тоҷикистон ба манзури санҷиши маълумотҳои фаврӣ, ки гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар ин мавзеҳо паноҳ набурда бошанд ва ба хусус ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон сурат мегирад.

Бо ин ҳам, то кунун иттилое дар мавриди боздошт ва ё маълум кардани маҳалли дақиқи буду бошӣ гурӯҳҳои ба гуфтаи мақомоти давлатӣ «ҷиноятпеша» дар даст нест.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ гуфтаанд, ки гурӯҳи мусаллаҳеро дар наздикии пули ин минтақа дидаанд, ки худро кормандони пулис муаррифӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол манобеъи раёсати минтақавии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Кӯлоб вазъ дар ин минтақа ва ба хусус дар атрофи кӯҳи Хоҷамӯъминро ором арзёбӣ кард ва гуфт, маъмурони пулис дар маҳали пештараашон қарор доранд. Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар раъси ин нерӯҳо аст ва ин қазияро пайгирӣ дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG