Пайвандҳои дастрасӣ

Торнамои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фаъол шуд


Барои таъмини шаффофияти бештари фаъолияташ ва расондани иттилои дасти аввал Вазорати умури дохилии Тоҷикистон торнамои худро дар шабакаи ҷаҳонии интернет роҳандозӣ кард. Дар ин сомона, ки ба забони тоҷикӣ омода шудааст, охирин ахбори ҷиноии кишвар, сохтори вазорат, маҷмӯи қонунҳо, омор, пайгарди гумонбарон ва ҷинояткорон интишор ёфта, хатти робитаи мустақим бо раҳбарияти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бунёд гаштааст. Аммо бархе аз бахшҳои торнамо ҳанӯз ҳеҷ матн ва иттилое надоранд.
XS
SM
MD
LG