Пайвандҳои дастрасӣ

Зоирони қирғизро ба Макка ва Мадина роҳ надоданд


Наздик ба 200 зоири қирғиз, ки умед доштанд, ҳаҷҷи акбар анҷом медиҳанд, натавонистанд, аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Саудия раҳсипор шаванд ва ҳафтаҳост, дар ин ҷо гир мондаанд. Сухангӯи Кумитаи дини Қирғизистон, Кумар Дюшенбоев мегӯяд, онҳо як моҳ пеш бо автобус ба роҳ баромадаанд, аммо ба Макка нарасиданд, зеро раводиди сафари онҳо танҳо вуруд аз роҳи ҳавоӣ ба Саудияро иҷоза медод ва ҳам раводиди сафари бархе аз онҳо тақаллубӣ будааст. Мақомоти Қирғизистон талош доранд, онҳоро ба ватан баргардонанд.
XS
SM
MD
LG