Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шведсия ба ҳукми озодии Ассанҷ мухолифат кард


Додситонҳои Шведсия гуфтанд, аз додгоҳи Британия бознигарии ҳукми озодии бунёдгузори торнамои Викиликс, Ҷулиан Ассанҷро талаб хоҳанд кард. Намояндаи мақомоти Шведсия, Гемма Линдфилд дар ин бора хабар дод, аммо сабаби ин талабро ташреҳ накард. Додвар Ҳовард Риддл дар ивази гаравпулӣ ва зери шароити шадид ҳукми озодии Ассанҷро содир кард, вале барои баррасии талаби бознигарӣ 48 соат мӯҳлат дод. Яке аз вакилони ҳуқуқии Ассанҷ, Марк Стефенс, тасмими додситонҳои Шведсияро танқид кард:

"Муҳокима ба як тамошо табдил меёбад ва мо бояд дар 48 соати оянда боз дар додгоҳ ҳозир шавем. Онҳо луфт накарданд, бигӯянд, ки мо бояд кай дубора ба додгоҳ биёем."

Шаҳрванди 39-солаи Австралия, ки торнамои ӯ бо таҳдиди нашри зиёда аз 250 000 санади махфии дипломатии Иёлоти Муттаҳида моҷаро бапо кардааст, дар Шведсия ба озори ҷинсии ду зан айбдор мешавад. Ассанҷ ин иттиҳомотро рад мекунад ва мухолифи истирдод ба Шведсия аст.
XS
SM
MD
LG