Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷулиан Ассанҷ боздоштгоҳро тарк мекунад


Муассиси сомонаи интернетии WikiLeaks Ҷулиан Ассанҷ бо қарори додгоҳ ва баъди пардохти гаравпулӣ аз маҳбас дар Лондон раҳо шуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Ассанҷ то рӯзи 11 январ, яъне то идомаи баррасии парвандааш дар додгоҳ,дар озодӣ боқӣ хоҳад монд.
Додгоҳи Бритониё талаби ҳукумати Шветсия барои истирдоди Ҷулиан Ассанҷ ба Стокҳолмро баррасӣ мекунад. Дар ин кишвар муассиси WikiLeaks дар таҷовуз ба номус гумонбар мешавад. Ассанҷ ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки ӯ барои нашри асноди сиррии дипломатии Амрико ҳадафи таъқибу фишор қарор гирифтааст.
Марк Стивенс, вакили дифоъи Ассанҷ, ахиран дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” изҳор намуд, ки, бар пояи иттилоъи ӯ. ИМА низ дар пайи таҳияи аснод барои истирдоди муассиси WikiLeaks ба Амрикост. Вошингтон тафтиши ифшои асноди сиррӣ аз вазорати умури хориҷии кишварро шурӯъ кардааст. Аммо мақомоти ИМА алайҳи Ассанҷ ҳанӯз иттиҳоме эълон накардаанд.
XS
SM
MD
LG