Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойгоҳи созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон


Севвумин форуми миллии созмонҳои ғайридавлатӣ дар Душанбе пуштибонии молии ҳукумат аз ташкилоҳои ғайридавлатиро муҳим арзёбӣ кард. Зеро ба таъкиди масъулони созмонҳои иҷтимоӣ, онҳо барои пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон саҳм мегиранд.

Масъулони созмонҳои ғайридавлатӣ бар ин назаранд, ки мақомоти давлатӣ бояд дар симои ин ташкилотҳо шарики худро бубинанд, на рақибро. Зеро, ба таъкиди раҳбарони созмонҳои ғайридавлатӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ потенсиал ва неруи муҳим барои ҷомеаи ин кишвар ҳастанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 3 ҳазор созмони ғайридавлатӣ фаъолият дорад. Раҳбарони созмонҳои ғайридавлатӣ бар ин назаранд, ки ин созмонҳо неруи муассир барои ҷомеа мебошанд.

Шамсиддин Каримов, раҳбари «Бунёди рушди Тоҷикистон», мегӯяд, «имрӯз соҳае нест, ки созмонҳои ғайридавлатӣ амал накунанд. Аслан созмонҳои ғайридавлатӣ воқеан, яке аз қувваҳои муассир дар Тоҷикистон ҳастанд, ба хотири он ки онҳо тамоми кишварро фаро мегиранд».

Фаъолияти камранги созмонҳо


Аммо бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон камранг ва бештар аз иҷрои тарҳҳои созмонҳои байналмилалӣ иборат аст.

Ба таъкиди Абуносири Шарифзода, ҷомеашиноси тоҷик, созмонҳои ғайридавлатӣ бештар дар пайи манофеи худ мебошанд ва кори зиёдеро барои манфиати мардум анҷом намедиҳанд.

Ӯ гуфт: «Созмонҳои ғайридавлатӣ дар фикри мардум нестанд. Онҳо пайи обу лой кардани маблағҳои грантие ҳастанд, ки аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ба даст меоранд. Семиинару кофебрейкҳо ташкил дода ва аз ҳисоби маблағи грантҳо ба саёҳати хориҷа машғул мебошанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ неруи пешбарандлаи ҷомеа шуда наметавонанд».

Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи Тоҷикистонро мушкилоти фаровоне, аз ҷумла дар бахши ҳуқуқи башар фаро гирифта, аммо, ба гуфтаи соҳибназарон, созмонҳои ғайридавлатӣ барои раҳоии мардум аз ин мушкилот талоше намекунанд ва сару садое аз сӯи ин созмонҳо шунида намешавад. Дар ҳоле, ки ҳудуди 400 созмон масоили ҳуқуқи башарро пайгирӣ мекунад.

Маҳдудиятҳо барои созмонҳои ғайридавлатӣ

Суоли матраҳ низ ин аст, ки чаро ин созмонҳо натавонистаанд, ҷумбишеро таъсис бидиҳанд ва нерӯи пешбаранда ва такондиҳандаи ҷомеа бошанд ва мардумро ба сӯи дигаргуниҳои демократӣ бубаранд?

Латифи Ҳадязода, раиси Асотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, ин мушкилро ба дарки нодурусти нақши созмонҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа рабт медиҳад. Ӯ мегӯяд: "Вақте созмонҳои ғайридавлатӣ масъалаи иҷтимоиеро матраҳ мекунанд, он ҳамчун талоши дахолат ба масоили сиёсӣ қабул мешавад. Яъне дар баҳси масоили тақдирсози ҷомеа созмонҳои ғайридавлатӣ ё иштирок намекунанд ва ё имконоти онҳо маҳдуд карда шудааст».

Ин дар ҳолест, ки созмонҳои ғайридавлатӣ дар Қирғизистон дар сафи пеши таҳаввулотҳо ва муборизаҳои ҷомеа ҳастанд ва дар Узбакистон низ бо вуҷуди маҳдудиятҳои зиёд ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои дифоъи ҳуқуқҳои шавҳрвандони ин кишвар сару садо баланд мекунанд.

Таъсири ҷанги дохилӣ ба фаъолияти созмонҳо

Бархе аз таҳлилгарон камрангии фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ Тоҷикистонро пайомади ҷанги дохилии панҷсолаи Тоҷикистон медонанд. Ба таъкиди Сафари Абдулаҳад, коршиноси тоҷик, тарсу ҳарос сабаб шудааст, ки созмонҳои ғайридавлатӣ барои дифоъи шаҳрвандон садо баланд намекунанд.

Ӯ мегӯяд: «Созмонҳои ғайридавлатӣ тибқи мақоли «на дег сузаду на кабоб» ҳам худро дар назди давлат ширин мекунанду ҳам дар назди созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам мардум. Яъне дар деҳот як — ё ду лоиҳаро амалӣ месозанд ва ба чашми мардум хок мепошанду халос».

Бар иловаи пойин будани фарҳанги сиёсии намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва ниҳодҳои ҳукуматӣ, маҳдудиятҳои қонунӣ, ба хусус набуди намояндаи созмонҳои ғайридавлатӣ дар порлумони Тоҷикистон аз дигар омилҳое унвон мешавад, ки ин табақа наметавонад неруи пешбарандаи ҷомеа бошад. Ин дар ҳолест, ки дар порлумони Қирғизистон созмонҳои ғайридавлатӣ се намоянда ва дар Маҷлиси Белорусия нуҳ вакилро доранд.

Аз сӯи дигар, ба гуфти худи раҳбарони созмонҳои ғайридавлатӣ, мақомоти давлатӣ дар маҳаллҳо алоқаманди фаъолиятҳои сиёсии созмонҳои ғайридавлатӣ нестанд ва намехоҳанд то ин неру сар барорад. Зеро дар аввали солҳои 1990, ки ҷумбишҳои озодихоҳӣ дар Тоҷикистон пайдо шуданд, ба гурӯҳҳои дигар пайвастанд ва дар ниҳоят ин гурӯҳҳо дар бурузи ҷанги дохилӣ мутаҳҳам дониста шуданд, ҳамакнун давлат намехоҳад то чунин созмонҳое ба майдон ояд.
XS
SM
MD
LG