Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мишарин: Мо аз хушунат алайҳи тоҷикон ҷилавгирӣ мекунем


Александр Мишарин, волии вилояти Свердловски Русия, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе изҳор намуд, ки ҳукумати ин вилоят барои ташкили корхонаи муштарак бо Тоҷикистон оид ба бастубанди мошинҳои бахши кишоварзӣ 300 миллион рубл ҷудо кардааст. Ин корхона дар шимоли Тоҷикистон бунёд шуда, қарор аст, аз ҷумла, соле то 700 мошини тамғаи “Зил”-ро банду баст кунад.
Мишарин дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ҳамасола то 72 ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик вориди вилояти Свердловск мешаванд, 22 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон солҳо боз муқими ин минтақаанд. Волии Свердловск афзуд, ки ҳукумати вилоят барои дифоъ аз ҳуқуқҳои тоҷикон ва ҷилавгирӣ аз хушунати қавмӣ алайҳи онҳо аз ҳама чораҳои имконпазир кор мегирад.
XS
SM
MD
LG