Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаққи вуруд ба "минтақаи Шенген" ба мардуми Боснӣ ва Албания


Шурӯъ аз фардо, 15 декабр, шахрвандони Боснӣ ва Албания ҳаққи сафари бидуни раводид ба кишварҳои минтақаи Шенгенро пайдо хоҳанд кард. Дар ин бора имрӯз намояндаи расмии Иттиҳодияи Аврупо хабар дод. Ба ин муносибат имрӯз дар Сараево маросими вижа баргузор шуд.
Тасмим дар бораи лағви раводид барои шаҳрвандони Боснӣ ва Албания моҳи ноябри соли равон дар нишасти вазири умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо гирифта шуда буд ва аммо кай ба ҳукми қонун ворид шудани он маълум набуд.
Ба минтақаи Шенген 25 кишвари аврупоӣ, асосан, давлатҳои узви Иттиҳодияи Аврупо шомиланд. Миёни ин кишварҳо назорати марзӣ аз байн бардошта шудааст.
XS
SM
MD
LG